Зиҳии ҷафои ту бар ман далели раҳмати хос
Марои вафои ту нақши саҳифаи ихлос
Мудоми мутриби базми ғами туами ман маст
Сурӯди нола ман карда чархро раққос
Хароби бодаи ишқати зи нанги ақли барӣ
Асири ҳалқаи зулфати зи доми қайди халос
Ҷазои куштани парвонаи шамъро ин бас
Ки аз насими дам субҳ мерасад бқсос
Балоу дарду ғамат қадар додаанд маро
Ки нест қимат ҳар ҷинси ҷуз бақадр хавос
Ғами ту буд мушаххаси марои дамӣ ки ҳануз
Надоштанд тааюни ҳёклу ашхос
Ҳадиси ишқи фузулӣ ба ҳеҷ кас магушо
Дарун баҳр набояд ки дам занад ғаввос