Сар мекунад ҳамеша фидои баҳри ёри шамъ

Дорад дарин равиши қадами устувори шамъ

Савдои кокул санамӣ ҳаст дар сараш

Каз дӯд дил шудаст сияҳи рӯзгори шамъ

Гар нест оташии зи ҳавои ту дар сараш

Чун ман чарост бо мижаи ашкбори шамъ

Дорад зи шамъ рӯй ту дар синаи оташӣ

Беваҷҳ нест ин ки надорад қарори шамъ

Саргарми офтоб ва шанаст зини сабаб

Дорад ҳамеша гиря бе ихтиёри шамъ

Беофтоб рӯй ту равшан наме шавад

Рӯзам агар чу чарх фурӯзам ҳазор шамъ

Бебарқ оҳ нест фузулии бурузи ғам

ӯро ҳамин басаст ба шабҳои тори шамъ