Манам ки бе ту гирифтори сад бало шуда ам

Ба сад балои зи фироқи ту мубтало шуда ам

Магар ба қӯти заъфи бадани расм ҷое

Чунин ки дар талабати ҳамраҳи сабо шуда ам

Ба дарду меҳнат бисёр ман васила мапурс

На андакаст ки аз чун туе ҷудо шуда ам

Табибро чаҳ даҳуми дарди сари зи баҳри даво

Чу ман ба дарди ту мустағнӣ аз даво шуда ам

Ҳавои чашми сиёҳи ту дар сараст маро

Ки хоксортар аз майли тўтё шуда ам

зи бас ки маст меҳайратам наме донам

Ки чист ҳоли ман ва ин чунин чаро шуда ам

Фузулӣ аз ман бечораи ақлу дайни матлаб

Ки мубталоӣ батон парии лақо шуда ам