Басии тоб аз ғами он гесувон пуршикан дидам
Ки то сари риштаи васлати бадаст хештан дидам
Надидам ҳеҷ касро ғофил аз афсонаи ишқат
Ту будӣ бар забон ҳар ҷои ду касро дар сухан дидам
Ҷафо ҳар чанд бар ман бештар кардӣ нашуд камтар
Вафо каз ман ту дидӣ аз ҷафое каз ту ман дидам
Магар шуд боғбони дилбастаи сарви хиромонат
Ки ӯро суст дар парвардани сарв чаман дидам
Ҷароҳатҳои тоза бар дилам багушӯд сад равзан
з ҳар равзани дарави давр аз ту сад доғ куҳан дидам
Намӯдӣ ҳоли мишкӣн бар баёзи чеҳраи зебо
Саводи нуқта аз машк бар барг саман дидам
Фузулӣ дар ҳавои дилбарон май бинмт гуё
Надидӣ ончии ман зон дилбари паймон шикан дидам