На аз тирӣ ки бар дил май зании чандин фиғон дорам

Сӯии худ май кашӣ эй нола аз рашк камон дорам

Бизан тирӣ ва аз нанги ман эмини шӯ чу май доне

Нахоҳам кард тарки ошиқии чндонкаҳ ҷон дорам

зи баҳри тир ӯ аз хоки ман созанди омоҷӣ

Пас аз мурдани зи ёрони мувофиқи чашм он дорам

Хаданг ӯст гар оварда чашмтар з ҳар хокӣ

Сафи мижгон ки ман бар гирди чашм хӯн фишон дорам

Табибам мекашад тир аз ҷигар аммо наме донад

Ки ман чун мағзи сад тири ниҳон бар устихон дорам

Фикандӣ давр чун тирами зи худ зин бас маҳоласт ин

Ки ёбӣ гар биҷӯе чун на ном ва на нишон дорам

Ғами лаълаш ки дар дил менаҳафтум фош хоҳад шуд

Фузулии ҷон ман омад ба лаб то кӣ ниҳон дорам