Агар меРом нахоҳад кам шуд оби чашми намнокам

Ба ҳар сӯи чашмае , хоҳад равон шуд аз сари хокам

Ба умедӣ ки ҷо дар паҳлуяш созам шудам розӣ

Ки резади хӯни ман чун сайд ва бар бандад ба фитрокам

Шудам аз хоксорон дар майхона ваа кохр

Мазоқи бода бар хол сияҳ бинишонад чун токам

Намонад аз заъф дар ман тоқати тақрири ҳоли дил

Магари таҳқиқи ҳол дил кунанд аз синаи чокам

Надорад ғайри ту ҷо дар дилам то боварат гардад

Назар андоз бар ойӣнаи лавҳи дили покам

зи пои афканд заъфам нест ёрии даст ман гирад

Магар аз хок гоҳе ашк бар дорад чу хошокам

Фузулигар ҳавои лаъл ӯ дорам аҷаб набӯд

Чу завқи ишқ дар ҷон бохтан кардаст бе бокам