Зини шикваҳо ки дам бидам аз ёр ме кунам
Мақсӯд зикр ӯст ки такрор ме кунам
Дорам заҳр ки толиби дунёсти нафратӣ
Султонам аз гадои сафатон ор ме кунам
Носеҳ магӯ ки ишқ батонро сабот нест
Умрӣаст ман тараддуди ин кор ме кунам
Кам мешавад зи гиря чу хунобаи ҷигар
Бад мекунам ки гиря бисёр ме кунам
Бошад ки аз касе битавон ёфт чора
Бо ҳар ки ҳаст дарди ту изҳор ме кунам
Дар тарк нола ам макун андеша дигар
Андешаи зи таъна ағёр ме кунам
Касро зи дарди ишқи фузулӣ наҷот нест
Беҳудаи ман алоҷи дил зор ме кунам