Нисбати шамшод бо он сарви қомат чун кунам

Вар кунам бо таънаи аҳли маломат чун кунам

намекунад расвои маро ҳар ҷо ки бошам дӯди оҳ

Сахт душвораст рафъи ин аломат чун кунам

Ҷуз маломат нест расми роҳи паймоёни ишқ

Ман дарин раҳи даъвии сабру саломат чун кунам

Ҳаст аз сари дилами пери Муғонро огаҳӣ

Мункири ҳис чун шавам нафии каромат чун кунам

Дар намеояд балои рӯзи ҳиҷрон дар ҳисоб

Нисбати ин рӯз бо рӯзи қиёмат чун кунам

Чун матоъӣ нест ҷузи меҳнати сарои дард ро

Ман дарин меҳнати сарои майли иқомат чун кунам

Гарчи май Фрмоидми носеҳи фузулии тарки ишқ

Оқилам , корӣ ки май оради надомат чун кунам