Дорам ҳавас каз хӯни дили хок дарашро гул кунам
ӯро баҳри рангӣ ки ҳаст огаҳи зи ҳол дил кунам
Хоҳам зи хӯн ман шавад ҳар қатраи ҷонӣ ки ман
Як як дами хӯни рехтани помоли он қотил кунам
Чун баҳр сайд ояд бурун хоҳам шикор ӯ шавам
Худро ба ӯ созами фидо ӯро ба худ моил кунам
Хуши онкӣ чун оеи бурун бо нолаҳои зори худ
Машғӯли созами халқро ваз диданат ғофил кунам
Бо соя гӯям ҳоли дили ночор каз афғони ман
Манзил намесозад касе ҷое ки ман манзил кунам
Ганҷи вафои гул рухон дорад тилисми нестӣ
То кӣ ба умеди вафои андеша ботил кунам
Дар ишқ хубон мекунад носеҳ , фузулии манъи ман
Ҷоҳилтар аз ман нест касгар гӯш бар ҷоҳил кунам