Ту низ афкандае , эй чарх , меҳри худ ба моҳи ман ,

Рақибам гаштае , мушкил ки гардии неки хоҳи ман

Сар бе дод ман дории фалак бар гирди зини одат

На бар ман раҳм бар худ кун битарс аз барқи оҳи ман

Чаҳ ҳоласт инки , ҳар гуҳи сӯии он хуршеди раҳи ҷустам ,

Маро чун сояи доман гир шуд бахти сиёҳи ман

Маро дар зулмати ғами майли тўФи хоки он дар шуд

Чароғӣ бар фурӯз эй оташи дили пеши роҳи ман

Накӯи рӯйони зи ман баргаштаанд оё чаҳ бад кардам

Чаҳ бошад мӯҷиби ранҷиш чаҳ шуд ёрб гуноҳи ман

Фалакрогар балое ҳаст бар ман мешавад нозил

Чаҳ султонам ки осудаст олам дар паноҳи ман

Фузулии қайди ақл аз ман мҷуи ман бандаи ишқам

Мутӣъам то чаҳ фармоед чаҳ гуяд подшоҳи ман