Дарди дили моро зи раҳи лутф даво кун

Лутфӣ бинмо чораи дарди дил мо кун

Умрӣаст ки муштоқи лқоиими худо ро

Зин беш машав парда нишин арз лақо кун

Аз пой дар афтодам ва аз сар бигузаштам

Аз баҳри худои фикри ман бесар ва по кун

Озурдан дилҳо асар нек надорад

То чанд ҷафо пеша кунӣ тарк ҷафо кун

Маҳрӯмии ушшоқ раво нест зи васлат

Бераҳм машав ҳоҷати ушшоқ раво кун

эй дил мазан аз силсилаи зулф батон дам

Бишинав сухани ман ҳазар аз дом бало кун

Ошиқ равишӣ дораду маъшӯқи тариқӣ

Гар ёр ҷафо кард фузулии ту вафо кун