эй дил аз кори ишқ ор макун
Ишқ то ҳаст ҳеҷ кор макун
Нест инкори ишқро Яманӣ
Макун ин кор зинҳор макун
То турои ишқ ва ошиқӣ бошад
Шеваи дигар ихтиёр макун
Роҳатӣ дар ҷаҳон агар хоҳӣ
Хешро аҳл эътибор макун
Паии тақлиди хосу оми Марв
Хизмати шоҳ ва шаҳриёр макун
Вари наҷоти ду кун май талабӣ
Ғайри девонагӣ шиор макун
Аз фузулӣ насиҳатӣ бишинав
Тарки хубони гул изор макун