Ошиқами ҷузи ошиқӣ корӣ намеояд зи ман
Ҳаст тақвои кор душворӣ намеояд зи ман
Бо ту эй дили кору бори ишқро бгзоштм
Кори душвории чунин борӣ намеояд зи ман
Ман намегӯям ки завқӣ нест дар қайди ҷунун
Оқилами беҳуда гуфторӣ намеояд зи ман
Нақди ҷонро сарф хоҳам кард дар роҳ батон
Кардаам иқрор инкорӣ намеояд зи ман
Ҳарчӣ мехоҳанд меояд зи ман дар ишқ лек
Сабр кардан дар ғам ёрӣ намеояд зи ман
Дил агар гирад раҳ хубон нахоҳам кард манъ
Дил наме рнҷонм озорӣ намеояд зи ман
Мурдаам бе ӯ фузулии ҳамл бар сабрам макун
Гар дамодами нола зорӣ намеояд зи ман