Шуд даруни синаи дили девона аз савдоӣ ӯ

Бастам аз рагҳои ҷони занҷирҳо дар пой ӯ

Нест аз беилтифотӣ гар набинад сӯии ман

Он ки айн илтифот ӯст истиғноӣ ӯ

Ҷои пайконати дарун сина кардам чун кунам

Дили з ҷо шуд хостам холӣ намонад ҷой ӯ

Кард рӯзу рӯзгорамро бик дидани сияҳ

Кӣ марои ин чашм буд аз наргиси Шаҳлоӣ ӯ

Ҷон бар омад ёри баҳр пурсишам накушод лаб

Бар наомад коми ман аз лаъли шукри хоӣ ӯ

Бар нахоҳам дошт то рӯзи қиёмати сари зи хоб

Гар шабӣ дар хобам ояд қомати раъноӣ ӯ

Чун набошам зору саргардони фузулии муттасил

Риштаи ҷон бастаам бар зулфи ънбрсоӣ ӯ