На чандонам заъиф аз даврии хуршеди рухсорӣ
Ки тоби орм гар уфтад соя бар ман зи деворӣ
Фиканда дар гумони заъфи танами борӣки байнон ро
Ки дар пероҳанам шахсеаст ё аз перҳани торӣ
Хабар аз сӯзи пинҳонам касе дорад ки ҳамчун ман
Буд дар синааш доғии зи дарди лолаи рухсорӣ
Ману васли ту ин толеъ куҷо дорам зиҳии давлат
Муяссар гар шавад гоҳе маро аз даври дидорӣ
Чунон дар нола кардан шӯҳратӣ дорам ки аҳли дард
з ман гӯйанд аз ҳар ҷо барояд нолаи зорӣ
Ту ҷуз бар ман накардӣ ҷаври ман мардуми азин шодӣ
Ки дар олам нахоҳӣ доштани ҷузи ман гирифторӣ
Чаҳ май пурсӣ фузулӣ кист дар роҳи вафои охир
Парешон гашта савдоеи расвои бозорӣ