Вирд манаст номи ту ё Муртазои алӣ

Ман кистам ғуломи ту ё Муртазои алӣ

Шукри худо ки соя фиканда сет бар серум

Иқболи мустадоми ту ё Муртазои алӣ

Ҳар ҳикматӣ ки ҳаст каломи Маҷид ро

Дарҷаст дар каломи ту ё Муртазои алӣ

Баҳри наҷот бар ҳама чун тоъати худо

Фарзаст эҳтироми ту ё Муртазои алӣ

Монанди каъбаи маъбади инс ва малоик аст

Ҳарҷо буд мақоми ту ё Муртазои алӣ

Дар ҳар ғараз ки май талабад аз фалак касе

Шартаст иҳтимоми ту ё Муртазои алӣ

Ҳар лаҳза мерасад ба фузулии ҳазор файз

Аз хон лутфи оми ту ё Муртазои алӣ