Шуд бадӣдори ту равшани дидаи хўнбори мо

Ёфт аз васли ту марҳами синаи афкори мо

Бе тараддуди давлати васли ту моро шуд насиб

Ба ки ғайр аз шукри ин неъмат набошад кори мо

Ҳамдами мо буд ғами дарди сар аз мо кард кам

Ғолибан дилгир шуд аз гиря бисёр мо

Даври гардун бар муроди хотир мо шуд магар

Раҳмӣ омад чархро бар нолҳои зори мо

Осмони дорушшифои офиятро дар гушӯд

Рӯи ниҳод аз дард дар сиҳҳати дили бемори мо

Баъди азин моро зи даврони фалак хавфӣ намонад

Дасти даврони фалак кӯтаҳ шуд аз озори мо

Ҳмдллаҳ бар фурӯғи субҳ давлат ёфт раҳ

Дар шаби меҳнати фузулии давлати бедори мо