Бози хўнборст мижгонам намедонам чаро

Изтиробӣ ҳаст дар ҷонам намедонам чаро

Олимӣ бар ҳоли ман ҳайрон ва ман бар ҳоли худ

Мондаам ҳайрон ки ҳайронам намедонам чаро

Рӯзгорӣ шуд ки бдҳолу парешонам вале

Бас ки бдҳол ва парешонам намедонам чаро

Ёр медонам ки медонад давои дарди ман

Лек мегуяд намедонам намедонам чаро

Не висолам мераҳанд аз мусӣбати неи фироқ

Дар ҳамаи авқот гирёнам намедонам чаро

Нест кории коид аз ман ҳар тараф бе ихтиёр

намедуанд чарх гардонам намедонам чаро

Дарди худро гарчи медонам фузулӣ мӯҳлик аст

Фориғ аз тадбир дармонам намедонам чаро