Дард расвоӣ нахоҳад дошт дармон эй табиб
Хешро расво макун моро маранҷон эй табиб
Ҳаст беҳбуди ту дар тарки алоҷи дарди ман
Чун надорад фикри беҳбуди ман имкон эй табиб
Хӯн гушӯдан аз раг тан чистгар дории мадад
Шавқи лаълашро буруни ор аз руки ҷон эй табиб
Ҳеҷ шарбат нест баҳр дафъ савдоем муфид
Ғайри ёди васлу зикри лаъли ҷонон эй табиб
Май кашӣ аз ғами маро зоҳир бикун баҳри худо
Дарди пинҳони марои пеши рақибон эй табиб
Ман намехоҳам ки ин дарди дили пинҳони ман
Бар ту ҳам зоҳир шавад аз ту чаҳ пинҳон эй табиб
Куштааст аз ғусса монанди ту сад бедард ро
Чораи дард фузулӣ нест осон эй табиб