Макаш бар дидае хуршеди хоки он кафи по ро

Макун бо хоки яксони тўтёии дидаи мо ро

Баҳри тории зи ҷаъди сунбулаши дили бастаи шайдое

Сабо бар ҳам мазан ҷамъияти дилҳои шайдо ро

Диламро кард аз заҳри ғами афлоки даврони пар

Бики ҷом шикаста кард холии ҳафт мино ро

Маликро нест чун хуршеди рухсори ту зебоӣ

Аёнаст ин наме пӯшад касе рухсори зебо ро

Ту соя бар замини андохтӣ ё дид хуршедат

Туро дар бар гирифт ва бар замини андохти ъисо ро

Таманнои бақои умр дар дили доштам аммо

Бурун кард орзӯии теғат аз дили ин таманно ро

Фузулии зини сабаби хунобаро дар дида ҷо кардам

Ки май орад ба хотир ҳар дами он гулбарги раъно ро