Хуршеди басӣ хок нишин шуд ба ҳавоят
Рӯзӣ натавонист ки бӯсади кафи поят
Фарёд ки ҷонам ба лаб омад зи таҳайюр
Ҳарфӣ нишнидам зи лаб рӯҳ физойат
Хӯни рехтаи баҳри савоб аз ҳамаи ҷузи мо
Моро гунаҳ инаст ки мардем бароят
Зон ғофилӣ эй моҳ ки ҳар шаб ба тараддуд
Чун ҳола раҳе мефиканам гирди сироят
То тири ту бар ман дар сад завқ кушодаст
Ҳар захми дҳонисти марои баҳри дуоят
То нақши ту бар лавҳи дил ва дида кашидем
Қатъан накашидем сар аз теғи ҷафоят
Кас нест ки андешаи зулф ту надорад
Танҳо на Фзўлисти гирифтори балоят