Боғбони лутфи қади он сарв дар шамшод нест
Кӣ намояди тарбият ҷое ки истеъдод нест
Гар хати даври лабатро бар забон орм маранҷ
Нақши ширинро зарар аз теша Фарҳод нест
Соғари хунобаи дили бастаи раҳ бар нола ам
Масти базми ҳайрататро рухсат фарёд нест
Кӣ шавад воқифи зи идроки азоби охират
Онкӣ дар дунё ба бедод батон муътод нест
Зоҳидиро нест манъи ишқи андаки меҳнатӣ
Ҳеҷ кас аз меҳнати қайди ҷаҳон озод нест
Рағбати нзҳтгаҳи майхона аз зоҳиди мҷу
Ҷғдро дар табъи майли манзил обод нест
Кардае тадбири тарк май , фузулӣ фикр кун
Гар з ақласт ин , баннои ақлро бунёд нест