Дар ҳиҷри ёри ҳоли дили зор мушкил аст

Зини ҳоли воқиф ар нашавад ёр мушкил аст

Осони бўсли ёр расӣдан тавон вале

Дар васли ёр дидани ағёр мушкил аст

Таънаст бар ман аз ҳамаи сӯи кори душманон

Гар дӯст чора накунад кор мушкил аст

Бисёр шуд ғам аз камии илтифоти ёр

Кам нест ин муомила бисёр мушкил аст

Аз гирди роҳат ар нарасад дам бидам мадад

Таскини оби дидаи хўнбор мушкил аст

Зоҳид намешавад накунад манъи мо з май

Муътодро тағйири атвор мушкил аст

Рафтани фузулӣ аз сари он кӯй саҳл нест

Даврии андалеби зи гулзор мушкил аст