Ба ҳоли зори ман он моҳро нигоҳӣ нест

Чаҳ суди рӯзӣ агар низ ҳаст моҳӣ нест

Ҷафост аз ту ҳамеша муроди ман на вафо

Ки гоҳ гоҳе агар ҳаст гоҳ гоҳе нест

Чигуна ҷониби масҷиди рӯм ба майхона

зи кӯии ишқ ба малики салоҳ роҳӣ нест

зи ҷоҳу мансаби олам фароғатӣ дорам

Ба ҷуз фитодагӣам мансабӣ ва ҷоҳӣ нест

Накӯтарин рақам бар саҳифа ҳастӣ

Дарин ки сӯрат хубаст иштибоҳӣ нест

Чаҳ нахл гӯямат эй гулбуни ҳдиқаҳи ҳасан

Ки ҳосилами зи ту ҷузи нола ва оҳӣ нест

зи зулми пеш ки нолад фузулии мискин

Дарин диёр чу ғайр аз ту подшоҳӣ нест