Ҳазрати Мустафои бсъии тамом
Хонаи шаръро ниҳоди банно
Дар камоли саботу истеҳком
То қиёмати барии зи бими фано
Ҳифзи он фарз бар вазеъу шариф
Забти он ҳатм бар ғанӣу гадо
То асар аз банноӣ олам ҳаст
Ёрб он бунияи муборак ро
Даври созу нигоҳи дори мудом
Аз фасоди ду фирқаи сФҳо
Аввал аз қавлу феъли тайифа
Ки надоранд шамаи зи ҳаё
Дар дил сахташон накарда гузар
Асари илму тоъату тақво
Хешро кардаанд дохили ол
Бо вуҷӯди ҳазор хабту хато
Рхнҳо мезананд бар ислом
зи худои вази халқ бесару по
Дувуми он ҷоҳилон бе маънӣ
Ки нишинанд бар сарири қазо
Халқро марҷаъ умӯр шаванд
Ҳукм ронанд муқтазои ҳаво
Ҳукмҳои хилоф шаръ кунанд
Дар ҳавои захорифи дунё
Рӯзи маҳшар ки ҳақ шавад қозӣ
Ҳар касе ҳақ худ кунад даъво
Ин ду қавми сафеҳи бади афъол
Ки босалом кардаанд ҷафо
То чаҳ хоҳанд дид дар дӯзах
БФъолӣ ки кардаанд ҷазо