Қӯти ман бода қӯтам ёраст
Водмиро ҳамин ду даркораст
Айши одам буд ба қӯту қӯт
Қӯт ва қӯт нест мурдораст
Ҳар вилоят ки хубрӯе ҳаст
Ҳарки ҷуз ӯст нақш девораст
эй ки гуфтӣ мубин ба сӯрати хуб
Сӯрати хуб баҳр дидораст
Гӯш агар нашунӯд ҳикояти ёр
Бар биногваш мардумон бораст
Чашм агар нанигарад ба сӯрати хуб
Пеша бар рӯй одамӣ ораст
Дил ба мастии рабӯди наргиси дӯст
Ба худо маст нест ҳушёраст
Чашми ёр ар чаҳ ҳаст хоб олуд
Андрў ҳарчӣ фитна бедораст
Дастам эй ҳамсафари з даст бидор
Ки марои пой дил гирифтораст
Хўдкшми ранҷу худкунами шиква
Дарди ишқ эй рафиқ бисёраст
Бар ман маст чанд таънаи занӣ
Охир эй зоҳиди ин чаҳ озораст
Гар ибодат ба мардуми озорист
Зон ибодат худоӣ безораст
Ман зи дарёи рӯми ту аз хушкӣ
Ба сӯии каъба роҳ бисёраст
Нафас бедор гуфт дорам шайх
На чунонаст нақш пиндораст
Мӯшикофаст табъи Қоонӣ
Аз чунин табъ ҷой зинҳораст