Магари даричаи нурии ту ё натиҷаи ҳурӣ
Ки фарқ то ба қадами ғарқ дар латофату нурӣ
Марои ту мардуми чашмӣ чаҳ ғам ки ғоибӣ аз ман
Ҳузури айн чаҳ ҳоҷат буд ки айни ҳузурӣ
Гумон баранд хилоиқ ки ҳур бача назояд
Хилофи ман ки яқин донамат ки бачаи ҳурӣ
Чу акси моҳ ки уфтад даруни чашмаи равшан
Ба чашми ман ҳамаи наздикӣу зи ман ҳамаи даврӣ
Ба лутфи оби ҳаётӣ ба таййиби боди баҳорӣ
Ба буии хоки биҳиштӣ ба нури оташи таврӣ
Чу ишқи раҳзани ақлӣ чу ақли зинати рӯҳӣ
Чу рӯҳи зевари умрӣ чу умри мояи сӯрӣ
Бутӣ на лаъибати чинии танӣ на боди баҳорӣ
Гулӣ на боғи биҳиштии маӣ на ҳури қусӯрӣ
зи шарм рӯй ту шояд ки офтоб бигирад
Кунун ки анбар Соро дамидат аз гули сӯрӣ
Ба ишқ дӯст кунам ноз бар малолати душман
Ки ишқро натавон кард чорае ба сабурӣ
Ба як ду ҷом ки қоонёи з дӯст гирифтӣ
Чу ҷоми бодаи саропои ҳамаи нишоту сарварӣ
Бар остони валиаҳди ин ҷалоли турои бас
Ки рӯзу шаб чу саодати зи воқифони ҳузурӣ