Ки буд он тарки хӯни ошоми сармаст
Ки ҷонами барад ва хӯнам хӯрд ва дил хаст
Даромад сархушу афтодам аз пой
Бурун шуд маст ва берун рафтам аз даст
Сипар бар пушту теғи кӣна дар мушт
Камон дар дасту тири фитна дар шаст
Фиғони ҷои нафас аз сина бархест
Ҷунуни ҷои хирад дар мағз бинишаст
На тираш ҳаст тирии каши тавон ҷуст
На захмаш ҳаст захмии каши тавон баст
На чашм аз неши тираш метавон дӯхт
На ҳеҷ аз пеши тираш ме тавон ҷуст
Вафоу меҳр дар ҷон ва дилаш нест
Ҷафоу ҷавр дар об ва гулаш ҳаст
Ба коми душманон аз дӯст бибаред
Ба рағми ёр бо ағёри пайваст
Ҳалоки он тан ки беёд Рахш зист
Асири он дил ки аз дом ғамаш раст
Азизи он ҷон ки аз ишқаш шавад хор
Баланди он сар ки дар роҳаш шавад паст
Надидам то надидам чашми масташ
Ки вақте одамӣ бе мешавад маст
Бҳл то сари нуҳум бар хоки таслим
Ки чун моҳӣ асирам карда дар шаст
Бурун на як қадами Қоонӣ аз хеш
Ки аз қайди ду олам метавон раст
Баҳору аҳд соҳиб ихтиёраст
Бибояд бода хӯрд ва тавба бишикаст