Ҷалоири сар ба ҷайби фикри барда

Басии андеша дар ин кор карда

Ки ёрб он ду қучи масту мағрур

Ки бо ҳам озмоинди ин чунин зӯр ,

Аз ин зӯри озмоӣӣ судашон чист

Гуноҳи ҷилд хӯн олудашон чист ?

Чу ҳайвонро фузун аз як шикам нест

Ба рӯзии ҳам маҷол беш ва кам нест ,

Чаро ранҷа кунад пешонӣу шох ?

Таниш риш ояду паҳлуаши сӯрох

Касе кӯ донад ин роз ниҳон кист ?

Ки худ ҷанги хурӯсон аз пай чист ?

Биҳамдиллоҳ ки дар ин аҳду айём

На қозӣ донад ин , на шайхи алислом

Шигифт ояд аз ин қавмӣ ки гӯйанд :

Ки бо ҳам аҳли дунёи сулҳи ҷӯянд

Мъозоллаҳи ҳадиси оштии кӯ ?

Ба олам гӯсфанд доштӣ кӯ ?

Буд гар доштӣ то шер нӯшанд

Шавад киштӣ чу охир пок дӯшанд

Агар сулҳӣ кунанд тадбир бошад

Ки ин ҳам худъа ва тазвир бошад

Дар аввал бояд аз зар , зӯр ҷустан

Чу зӯр ояд ба аз зар , даст шустан

Фароғат на ба сулҳ ва на ба ҷанг аст

Ба ҳозир кардани тӯб ва туфанг аст

Чу душман зӯр бинад дар баробар

Туро ҳам дӯст гардад , ҳам бародар

Агар безӯр ва оҷиз бинадат дӯст

Бакӯшад то бар орад аз танати пӯст

Ҳадиси дӯстӣ ҳарфӣ муаммост

зи майлу меҳри исмӣ бе мсмост

Дўдл бо ҳам на покаст ва на соф аст

Вуҷӯди сулҳ чун анқо вқоФ аст

Ҳар он сарвар ки бар сар тоҷ дорад

Ҷаҳонро ҷумла чун омоҷ дорад

Магар тадбираш ояд сади тақдир

Шавад маъюс ва брснгш хӯрд тир

Сикандар чун ба зулмат рафт бшгФт

Ки ҳар ҷои рўшноӣӣ буд бигирифт

Ҳамон Ковӯс чун малик замин ёфт

Тамаъ дар осмон оварад ва бишитофт

Тамаъҳо дар гул одам сиришта аст

Касе кӯро тамаъ набӯд , фиришта аст