Шодам ба хаёлат ки зи тобам ба дар оварад
Аз кашмакаши ҳасрати хобам ба дар оварад
Фарёд ки шавқи ту ба кошона зад оташ
Вонгоаҳи паии бурдани обам ба дар оварад
Расвои ман хости магар кин ҳамаи сармаст
Даври фалак аз базми шаробам ба дар оварад
Афганда ба Ҷайҳуни фалак аз водӣу шодам
Каз печу хами мавҷи саробам ба дар оварад
Ҷон бар сари мактуби ту аз шавқ фишондан
Аз ӯҳдаи таҳрири ҷавобам ба дар оварад
Нозам ба нигоҳат ки з сармастӣ андоз
Аз тафриқаи меҳру итобам ба дар оварад
Соқии нигаҳӣ то бишносам з чаҳ ҷом аст
Он бода ки аз банди ҳиҷобам ба дар оварад
Нозам ба гиронмоягии саъии таҳайюр
Каз сари ҳади ин дайри харобам ба дар оварад
Он киштии ашкстаҳи зи мавҷам ки табоҳӣ
Афганд дар оташгар аз обам ба дар оварад
Ғолиби зи азизон ватан бӯдаам аммо
Овораге аз фарди ҳисобам ба дар оварад