Чок аз ҷайбам ба домон ме равад

То чаҳ бар чок аз гиребон ме равад

Ҷавҳар табъам дурахшонаст лек

Рӯзами андари абр пинҳон ме равад

Гар буд мушкил маранҷ эй дил ки кор

Чун равад аз даст осон ме равад

Ҷузи сухани куфрӣ ва ӣмонӣ куҷост ?

Худ сухан дар куфр ва имон ме равад

Ҳар шамемиро машомӣ дархур аст

Буии пероҳан ба канъон ме равад

Ояд ва аз завқ нашиносам ки кист

То равад пиндоштӣ ҷон ме равад

Май барад аммо на як ҷо май барад

намеравад аммо парешон ме равад

Ҳарки бинад дар раҳаш гуяд ҳаме

Қибла оташ прессатон ме равад

Аввал моҳаст ва аз шарми ту моҳ

Охири шаб аз шабистон ме равад

Бигузар аз душмани дилаш сахтаст сахт

Обрӯии тир ва пайкон ме равад

Кист то гуяд бидон айвон нишин

Ончӣ бар ғолиби з дарбон меравад ?