Дар гиря аз баси нозукии рухи монда бар хокаши нигар

Ваон сина судан аз тапиш бар хоки намнокаши нигар

Барқӣ ки ҷонҳо сӯхтии дил аз ҷафо сардаш бибин

Шухӣ ки хӯнҳо рехтии даст аз ҳинои покаши нигар

Он кӯ ба хилват бо худо ҳаргиз накардӣ илтиҷо

Нолон ба пеш ҳар касе аз ҷаври афлокаши нигар

То номи ғам будӣ забон мегуфт дарё дар миён

Дарёии хӯн акнӯн равон аз чашми саффокаши нигар

Он сина каз чашми ҷаҳон монанди ҷон будӣ ниҳон

Инак ба пероҳани аён аз равзани чокаши нигар

Бар мақдами сайди аФгнии гӯшӣ бар овозаш бибин

Дар бозгашти тавсании чашмӣ ба фитрокаши нигар

Бар остони дайгарӣ дар шукр дарбонаш бибин

Дар кӯй аз худ камтарӣ дар рашки хошокаши нигар

То гашта худ нафрини шинави талхи сет бар лаби ханда аш

Заҳрӣ ки пинҳон мехӯрд пайдои зи тирёкаши нигар

Ҳо хӯбии чашму дилашҳо гармии обу гулаш

Чашм гуҳарбораш бибин оҳи шррнокши нигар

Хонд ба умеди асари ашъори ғолиб ҳар саҳар

Аз нуктаи чинӣ дар гузари фарҳангу идрокаши нигар