Ҳангоми бӯса бар лаб ҷонон хӯрам дареғ
Дар тишнагӣ ба чашма ҳайвон хӯрам дареғ
Он содаи рӯстои шаҳри муҳаббатам
Каз печу хам ба зулф парешон хӯрам дареғ
Дар рашкам аз салоу малолами зи дўрбош
Бар хон васлу неъмат алвон хӯрам дареғ
Хоҳам зи баҳри лиззати озори зиндагӣ
Бар дил бало фишонам ва бар ҷон хӯрам дареғ
Рафтори гарму тешаи тезам супурда анд
Аз хештан ба кӯҳ ва биёбон хӯрам дареғ
Аз худ бурун нарафта ва дар ҳам фитодаи танг
Дар роҳи ҳақ ба габр ва мусулмон хӯрам дареғ
Зини дӯду зини шарора ки дар синаи ман сет
Созами сипеҳргар на ба сомон хӯрам дареғ
Дил зон тести ҳадя тан кун канору бӯс
Чанд аз ту бар навозиш пинҳон хӯрам дареғ
Корӣ надид он ки тавон дар ман офарид
Дар шӯраи зори хеш ба борон хӯрам дареғ
Ғолиб шунидаам зи назирӣ ки гуфта аст
« нолами зи чархгар на ба афғон хӯрам дареғ »