Шудам сипосгузори худ аз шикояти шавқ
Зиҳии зи ман ба дил бе ғамаши сирояти шавқ
Ба базми бодаи гиребон гушӯданаш нигаред
Хушо баҳонаи мастӣ хушо риояти шавқ
Ҳар он ғазал ки марои худ ба хотираст ҳануз
Ба бонги чанг адо мекунад зи ғояти шавқ
Духони зи оташи ёқӯтгар дамад аҷабаст
Аҷаб тараст азин бар лабаши ҳикояти шавқ
Ғалат кунад раҳ ва ояд ба кулбаам ногоҳ
Санами фиреб буд шеваи ҳидояти шавқ
Матоъи косади аҳли ҳавас ба ҳам барзан
Кунун ки худ шудае шаҳнаи вилояти шавқ
Ба худ мнозу биомузи кор ҳам бипазир
Ману ниҳояти ишқ ва туу бдоити шавқ
Макун ба варзиши ин шуғли ҷаҳд май тарсам
Ки чун рисӣ ба хати хтўаҳи ниҳояти шавқ ,
Турои зи пурсиши аҳбоб бениёз кунад
Ғурури икдлӣу нозаши ҳимояти шавқ
Сари ту сабзтар аз ҳарф ғолибаст ба даҳр
Хуҷастаи бод ба фарқи ту зилли рояти шавқ