Ҷунуни мастам ба фасли навбаҳорам ме тавон куштан
Суроҳе бар кафу гул дар канорам ме тавон куштан
Гирифтам кӣ ба шаръи нози зорам ме тавон куштан
Ба фатвои дили умедворам ме тавон куштан
Ба ҷурми ин ки дар мастии биёбон бардаам умрӣ
Ба кӯй май фурӯашон дар хуморам ме тавон куштан
Ба ҳиҷрони зистан куфраст хӯнамро дят набӯд
Чароғи субҳгоҳами ошкорам ме тавон куштан
Тағофулҳои ёрам зинда дорад вар на дар базмаш
Ба ҷурми гиря беихтиёрам ме тавон куштан
Ҷафо бар чун манӣ кам кун кигар куштан ҳавас бошад
Ба завқи муждаи бӯсу канорам ме тавон куштан
Биё бар хоки мангар худ гули афшонӣ раво набӯд
Ба боди домании шамъи мазорам ме тавон куштан
Миннат маъзӯр дорам лекин эй номеҳрбони охир
Бад-ӣни ҷону дили умедворам ме тавон куштан
Ба хӯни ман агар нангаст дасту ханҷар олудан
Навиди ваъдае каз интизорам ме тавон куштан
Худоё аз азизони миннати шеван ки бартобад ?
Ҷудо аз хонимони давр аз диёрам ме тавон куштан
Пас аз мурдан агар баҳри ман осоиши гумони дорӣ
Сарати гирд ба тсдиъи хуморам ме тавон куштан
Гирифтам ёр бошад бениёз аз куштанами ғолиб
Ба дард бениёзиҳои ёрам ме тавон куштан