Зиҳии шавқу зиҳии шавқ , зиҳии ишқу таманно !
Зиҳии ишқи ҷҳонсўз , зиҳии ҳасану тавалло !
Зиҳии лутфу каромат , зиҳии хуши қаду қомат
Зиҳии рӯзи қиёмат , зиҳии нури таҷалло
Зиҳии ёру зиҳии ёр ,у зиҳии мӯниси аҳрор
Зиҳии маъдани асрор , зиҳии мансаби аъло
Зиҳии нуру зиҳии нур , зиҳии рояти Мансур
Зиҳии ояти машҳур , тақаддусу тъоло
Зиҳии толеъи масъӯд , зиҳии ҳомиду Маҳмӯд
Зиҳии воҷиду мавҷӯд , зиҳии ҳазрати воло
Зиҳии зоти мъло , зиҳии нури мзкӣ
Зиҳӣ рӯй мсФӣ , зиҳии мавлоу мавло
Зиҳии фитнаи барангез , зиҳии шаҳди шикаррез
Зиҳӣ рӯй диловез , зиҳии зулфи самани со
зи сӯз ту кабобем , сар аз сӯз нтобем
Ҳама маст харобем , аз он ҷоми мусаффо
Гуҳии фитнаи ҷонӣ , гуҳии шӯри ҷаҳонӣ
Гуҳии амн ваамоне , гуҳии кони хатарҳо
Гуҳии қозии шаҳрӣ , гуҳии шаҳнаи қаҳрӣ
Гуҳии чашмаи заҳрӣ , гуҳии мавҷӣу дарё
Туе кошифи асрор , туе қосими анвор
Туе солики атвор , туе исму мсмо