Буи ҷон меояд аз боди сабо , ин бӯ чаҳ бӯаст ?
Машкро ин ҳад набошад , накҳат гесуӣ ӯст
Чист бӯ ? воқиф шудан аз сари маҳбӯби азал
Онкӣ чун ойӣна бо заррот олам рӯбарӯаст
Ҷумлаи олам бмо пайдост , мо ойӣна ем
Гар набошад оина , шоҳид чаҳ донад кўнкўст ?
Бода то бо ҷони мо восил нагардад маст нест
Бодаро мастии зи ҷони мо , на аз ҷом ва сабуаст
Ҳади ин сар нест ӯро саҷда кардан , лоҷарам
Сари бпиш афкандаам , бечораи ман , аз шарми дӯст
Ман зи ғамҳои куҳан ҳаргиз нанолам , чун туро
Давлати ташрифи ғами соъати бсоът , нўбнўст
Ҷони бпиши дӯст додан давлатӣ бошад азим
Қосимиро дар ду олами худ ҳамин як орзӯаст