Дар сувидои дилам савдоӣ ӯст

Дар дилу ҷонам таманноҳои ӯст

Нири аъзам , ки шамъ оламаст

Пуртӯй аз чеҳра зебоӣ ӯст

Ман намедонам зи ҳоли дил ки чист ?

Ин қадар донам ки дил мавлоӣ ӯст

Чун муқаллид бо тариқати раҳи набард

Дар ҳақиқати хори мо хурмоӣ ӯст

Ҳар ки фонӣ шуд зи табъи обу хок

Ин қабои ишқ бар болой ӯст

Буи ҷон меояд аз боду сабо

Накҳатӣ аз анбар Сороӣ ӯст

Қосимӣ чун воқиф асрор шуд

Хоки кӯяши ҷинат алмоўоӣ ӯст