эй дилу дилдори ман , роҳи бўсл аз чаҳ рӯаст ?

эй бути айёри ман , роҳи бўсл аз чаҳ рӯаст ?

Ҳар ду ҷаҳони номи ту , қиссау пайғоми ту

Ҷуръаи хури ҷоми ту , роҳи бўсл аз чаҳ рӯаст ?

эй бути дилдори ман , каъбау зуннори ман

Воқифи асрори ман , роҳи бўсл аз чаҳ рӯаст ?

эй санами чораи соз , чора бар дили навоз

Рост бигӯ , кажи мбоз , роҳи бўсл аз чаҳ рӯаст ?

Муршиди ман , ёри ман , баҳри ман , анҳори ман

Нури ману нори ман , роҳи бўсл аз чаҳ рӯаст ?

эй гулу гулзори ман , мӯнису ғами хори ман

Соҳиби асрори ман , роҳи бўсл аз чаҳ рӯаст ?

эй дили доролъёр , мақсади ин кору бор

Ганҷ туро нест мор , роҳи бўсл аз чаҳ рӯаст ?

эй маи сайёри ман , ваии шаҳи Аброри ман

эй сару сардори ман , роҳи бўсл аз чаҳ рӯаст ?

Мояи иқрори ман , гулбуни азҳори ман

Қулзуми зи хори ман , роҳи бўсл аз чаҳ рӯаст ?

эй бути хӯни хори ман , эй гулу гулнори ман

Гармии бозори ман , роҳи бўсл аз чаҳ рӯаст ?

эй санами гули изор , қосими зор ва назор

Гуяд дар интизор : роҳи бўсл аз чаҳ рӯаст ?