Он ёри ҷафои пеша , ки пуштаст ва паноҳаст
Ҳам пушт ва паноҳ омад ва ҳам иззат ва ҷоҳаст
Ҷонҳо ҳамаи мустанад , бидон шева ки ҳастанд
Зон шоҳи дили афрӯз , ки султон сипоҳаст
Зон хоҷа чаҳ ҳосил ? ки зи худ дар нагузаштаст
Гар муфаххар шаҳраст вагар муршид роҳаст
Бо воъиз афсурда бигӯед ки : ғам нест
Гар чашм сифедаст вале рӯй сиёҳаст
Гуфтӣ ки : агар қиссаи ин роҳ нагӯем
Зинҳор макун пеша , ки ин пеша табоҳаст
Ҳарҷо ки кунад зулфи ту ғорати дил ва ҷонҳо
Он ҷой яқинаст ки домии з бало ҳаст
Қосим , назар аз дӯст магардон , ки дареғаст
Ҷони ту , ки дар айн ҳиҷобаст ва гуноҳаст