эй бути айёри ман , номи ту имрӯз чист ?
эй дилу дилдори ман , номи ту имрӯз чист ?
Ҳар ду ҷаҳони номи ту , қиссау пайғоми ту
эй маи сайёри ман , номи ту имрӯз чист ?
Малику малики роми ту , ҳар ду ҷаҳони ҷоми ту
эй сару сардори ман , номи ту имрӯз чист ?
эй дилу дилдори ман , мӯнису ғами хори ман
Воқифи асрори ман , номи ту имрӯз чист ?
Номи ту фаттоҳи ҷон , номи ту ганҷи равон
эй шаҳи Аброри ман , номи ту имрӯз чист ?
Номи ту даии бади азал , номи ту фардои абад
эй бути айёри ман , номи ту имрӯз чист ?
эй дили момсти ту , ҳастӣ мо ҳаст ту
Кӯрии ағёри ман , номи ту имрӯз чист ?
Кошифи асрори ман , ломъи анвори ман
Абри гуҳарбори ман , номи ту имрӯз чист ?
Аввалу охири туе , ботину зоҳири туе
Қосими анвори ман , номи ту имрӯз чист ?