Онкии дил бар даст ва дорад қасд ҷон пайдост кист

Вонкаҳ рӯ бинмуду дили барад аз миён пайдост кист

Онкӣ аз ҳар зарби шамшераш дамодам мерасад

Ошиқонро сад ҳаёт ҷовдон пайдост кист

Онкӣ аз рӯй ҳақиқати ошиқ ва маъшӯқ ӯст

Дар миён ҳар ду ҳам худ тарҷумон пайдост кист

Онкии мушкилҳои рамзи ишқро бар ошиқон

намекунад равшани бсди лутф баён пайдост кист

Ҳаркасӣ аз шукри шукр лабаш гуяд сухан

Дар миёни шокирони ширин забон пайдост кист

Дар ҳақиқат гарчи фарзандон ишқанд ин ҳама

Аршади авлоду фахр дудмон пайдост кист

Гар касе каж мж равад , яъне ки ҷомӣ хӯрда ам

Ғарқи хамҳои шароб ломакон пайдост кист

Ҳар ду олам пар шуд аз ному нишони ёру боз

Дар ду олами ёр беном ва нишон пайдост кист

Қосимӣ дар ишқ расво шуд бкоми душманон

Онкӣ май нӯшади бком дӯстон пайдост кист