Ҳамаи кору бори ҷаҳон ҳеҷ нест
Мадори замину замон ҳеҷ нест
Баҳорони сарсабз ва хуррам хушанд
Чу доранд рӯ дар хазон , ҳеҷ нест
Чу хоҳад фурӯи рехти гулҳо зи бор
Самани зойеъу арғавон ҳеҷ нест
Бсдҷои камари басти не бар миён
Чаҳ ҳосил ? чу андари миён ҳеҷ нест
Чу аз дарди мо дилбарон фориғанд
Ҳамаи сӯзу оҳу фиғон ҳеҷ нест
Чу ҳаргиз надорад дарин гиру дор
Бахуди ихтиёр , осмон ҳеҷ нест
Бъини яқини қосимӣ дида аст
Ки ғайри худо дар ҷаҳон ҳеҷ нест