Аз давлати дидори ту дилро ғам ҷон нест

Ҷонро зи ғами ишқи ту пурвой ҷаҳон нест

Дар кӯии ту гум шуд паии ушшоқ ба як бор

Он ҷо ки туе аз ду ҷаҳони ном ва нишон нест

Зӯҳҳод , магӯӣед ки мо аз ҳамаи беҳтар

Гар зон ки кам ойед камолӣ ба аз он нест

Сӯфӣ , ки кашад бодаи софӣ ба сабӯҳӣ

Мастаст , вале дар сафи мо дард кашон нест

Дар чорсўии ақли ғами суд ва зиёнаст

Дар ҳалқаи ушшоқ ба ҷузи амн ва амон нест

Бустони ҳақи худро зи ҷаҳон , хоҷаи фулонӣ

Зон пеш ки овоза барояд ки фалон нест

Гуфтам сари ман хоки раҳат , гуфт ки ҳайҳот

Қосим , сари худ гир ки моро сар он нест