Фитна дар хоби қиёмати хуфта буд
Чашми бедори ту хобаш дар рабӯд
То чу гул аз парда берун омадӣ
Дар гулистон ом шуд бонги сурӯд
Бар сари бозори ҷон маст омадӣ
Маст ҳайрат монад ҷонҳо дар шуҳуд
Оби раҳмати рехтӣ дар ҷоми мо
Тобҳри ҷониби баромад бонг равад
Офтоби олами оро ҷилва кард
Мунбасит шуд дар ҷаҳони зилли вдўд
Шӯру ғавғо ом шуд дар коинот
То ниқоб аз чеҳра маънӣ гушӯд
Гар хатое рафт бозо аз карам
Қосимӣ боз омадаст аз ҳарчӣ буд