Бода мерезанд софӣ дам бидам дар ҷоми мо

То чаҳ хоҳад шуд зи ҷоми ёри мо анҷоми мо ?

Мо ҳама мастем аз он давлат ки бинмудӣ ҷамол

Ҳамчуи давлати ногаҳон маст омадӣ бар боми мо

Чун сар аз хоки лаҳад дар ҳашар бурдорам зи хоб

Масту ҳайрон ту бошад ҷони дарди ошоми мо

Лаби блби мо масти он эҳсони ҷовидони шудем

Соқӣ аз ҷом лаболаб медиҳад анъоми мо

Ақли мо дар роҳ ӯ саргашта ва ҳайрон бимонад

Дар ҳақиқат ишқ бошад ҳодии исломи мо

Мо нишону номи худ дар роҳ ӯ дар бохтем

Баъди азин то худ ки гуяд аз нишону номи мо ?

Ҷони қосими арақи миннати гашт аз сар то бпо

Каз каромати оби раҳмати рехт ӯ дар ҷоми мо