Аз бодаи гулгун қадре ҳаст бигӯед
Дар шаҳр чу зебо қамарӣ ҳаст бигӯед
Моро хабарӣ нест , ки мисатон харобем
Гар зонка шуморо хабарӣ ҳаст бигӯед
Дар дайри Муғон , ним шубон , дар шаби торик
Ҷузи пери Муғон роҳбарӣ ҳаст ? бигӯед
эй зоҳиди мағрур , макун манъи ман аз ишқ
Гар тири балоро сипарӣ ҳаст бигӯед
Ишқаст ки бобой ҷаҳонаст бтҳқиқ
Ҷузи ишқ касеро падарӣ ҳаст ? бигӯед
Дар ишқи ту дилҳо ҳама чун оташ гарманд
Дили гармтар аз ман дгарӣ ҳаст ? бигӯед
Он даври руху зулфи ту ғоратгари длҳост
Дар давру тасалсул назарӣ ҳаст ? бигӯед
Дар боғи латофат , ки чароғи ҳамаи длҳост
Ширини самарӣ , бар шаҷарӣ ҳаст ? бигӯед
Дар Мисри ҷаҳон дил нигаронем чу ёқӯб
Гар Юсуфи заррин камарӣ ҳаст бигӯед
Дар бодия ҳиҷр бимонадам шаби торик
Гар тираи шабамро саҳарӣ ҳаст бигӯед
Дар куштани қосим , ки дилаши маст ва харобаст
Болои шаҷарӣ , дил ҳаҷарӣ ҳаст ? бигӯед