Аз пери Муғонгар хабарӣ ҳаст бигӯед
Аз бода агар мо ҳзрӣ ҳаст бигӯед
То чанд маломат ки хатираст раҳи ишқ ?
Гар тири қазоро сипарӣ ҳаст бигӯед
Парони зи пар ишқ шуд ин ҷони балои дӯст
Ҷузи ишқ агар бол ва парӣ ҳаст бигӯед
Дар бодияи меҳнати ҳиҷрони шаби торик
Ҷузи пери Муғон роҳбарӣ ҳаст ? бигӯед
Ҷузи мастии ушшоқ , ки он сад азимаст
Дар роҳи муҳаббат хатарӣ ҳаст ? бигӯед
Аз хиттаи имкони тарафи ҳазрати воҷиб
Ҷузи роҳи фано раҳгузарӣ ҳаст ? бигӯед
Бо мо хабарӣ нест , ки мисатон харобем
Гар зонка шуморо хабарӣ ҳаст бигӯед
Қосим , руху зулфаш ҳама даврасту тасалсул
Дар давру тасалсул назарӣ ҳаст ? бигӯед