Пеши мо қисса шавқаст ва шуҳудасту ҳузур

Дар ниҳони хонаи ваҳдат ҳама нурасту сарвар

Бар сари роҳи таваллои ҳамаи шодӣу тараб

Дар биёбони таманнои ҳамаи ҳасбону ғурур

Шодмонам ки бкўии ту гузар хоҳам кард

Тарсам аз ишқ ки гуяд ки : азин даргаи давр !

Баси аҷаб мондаам , эй ҷону ҷаҳон , дар сифатат

Ки ту кони намакии вази ту ҷаҳонӣ дар шӯр

Чаҳ аҷаб бошад агар сайд ту гардад дилҳо ?

Ишқ чун боз наҷиб омад ва ҷонҳо ъсФўр

Хуш « анолҳқ » гӯ ва бар дори саломат бар шӯ

Чун кашидӣ ту азин ҷоми шароби Мансур

Қосим аз ҷом ту мастаст ва хароб афтодаст

Ки бааш боз наёяд бгаҳи нағмаи сувар