Дар ту аҷаб мондаам эй ишқи шнг

Нурӣу нораии бгаҳи сулҳу ҷанг

Аз ғаму фикри ду ҷаҳон руста аст

Ошиқи девонаи масти маланг

Ишқи худои Подшаҳ рост гӯаст

Ишқ надорад сифати риюу ранг

Ҷуръае аз ҷом муҳаббат бануш

Бози раҳ аз бодау афюну банг

Ишқ чу шӯрида ва девона шуд

Баҳри ҷҳонрои бикашад чун наҳанг

Чунки марои зоҳид ва ҳушёр дид

Соқии ҷон бода диҳад бе диранг

Қосим , агар маст нае кажи Марв

Аз ту касе нашунӯд ин узри ланг